LIVE

Ҷованни Ҷили: "Харидани Роналду иштибоҳ буд"

Собиқ президенти бошгоҳи «Ювентус» – Ҷованни Коболли Ҷили, ҳамлагари даста, Криштиану Роналдуро танқид кард ва гуфт, ки овардани ӯ ба даста кори хатое буд. 
- Ман ҳамеша мегуфтам:  харидорӣ кардани Роналду хато аст. Баргардонидани сармояе, ки ба Роналду сарф шудааст, ғайриимкон хоҳад буд. Бояд Роналду ҳарчӣ зудтар тарки Турин кунад, ин барои ӯ ва барои «Ювентус» хуб аст. Таҷдиди шартномаи Дибала ва фурӯши Криштиану барои ҳама ҷонибҳо беҳтарин вариант хоҳад буд, аммо ман бовар намекунам, ки касе мисли Роналду дар як муддати кӯтоҳ фурӯхта шавад, бинобар ин, ман фикр мекунам, ки ӯ дар ҳайат боқӣ мемонад. 
Умедворам, ки мураббӣ медонад, ки чӣ гуна ӯро дар ҳайати захиравӣ ҷой диҳад ва аз ӯ истифода кунад, чунон ки ӯ дар бозӣ бар муқобили «Удинезе» кард. Роналду ба ҳуҷумҳои «Ювентус» халал мерасонад. Бидуни ӯ футболбозони тим метавонанд дастаҷамъона корҳои бузургро анҷом диҳанд, - гуфт Ҷигли дар мусоҳиба бо «SerieANews».
Ёдовар мешавем, ки Роналду дар мавсими гузашта, дар Серияи А 33 бозӣ гузаронида, 29 гол зада буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив