LIVE

Роналду ва Неймар дастаҳои худро иваз мекунанд

Бархе аз таҳлилгарони соҳа барон назаранд, ки “Ювентус” аз ҳамлагари 35-солаи португалии худ - Криштиану Роналду дар соли 2021 ҷудо мешавад. Сабаби ҷудошавии эҳтимолӣ он аст, ки то соли 2022 шартномаи Роналду бо “Ювентус” ба анҷом мерасад ва клуби шаҳри Турин мехоҳад як қисми он маблағе, ки барои хариди ин ҳамлагар сафр кардааст ҷуброн кунад, зеро бинобар пандемияи коронавирус туриниҳо маблағ барои тамдиди қарордод бо Пауло Дибала, Деиану Кулушевски ва Федерико Чиесаро надорад. “Ювентус” имкони молиявӣ барои бастани шартномаи нав бо Криштиануро надорад. Ягона роҳи баргардонидани каме аз маблағ, ин ҷудо шудан аз Роналду гуфта мешавад.  Ҳеҷ клубе дар ҷаҳон наметавонад шартномаи Криштиану Роналдоро ба ҷуз аз “Париж Сен-Жермен” харидорӣ кунад. “Ювентус” мақсад дорад, ки Криштиану Роналдуро бо Неймар, ки қарордоди ӯ низ соли  2022 ба итмом мерасад иваз кунад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив