LIVE

Криштиану Роналду барои “Ювентус” таърихӣ шуд

Дар бозии даври 36-уми чемпионати Италия “Ювентус” бо ҳисоби 3:1 бар “Сассуоло” ғолиб шуд. Яке аз голҳои “Ювентус”-ро ҳамлагари 36-сола Криштиану Роналду зад. Ҳамлагари  португалӣ дар таърихи клуби шаҳри Турин аввалин футболбозе гардиданд, ки дар се мавсими аввали худ ба задани 100 гол барои “Ювентус” дар ҳама мусобиқаҳо даст ёфт. Пештар футболбозони клуби Турин барои ин ҳадди аққал чор мавсимро сарф мекарданд. Дар мавсими ҷорӣ Криштиану Роналду дар 42 бозӣ бо пероҳани  «Ювентус» ба майдон баромада, ба задани 35 гол даст ёфтааст.  Ҳамчунин Криштиану Роналду аввалин футболбоз дар таърих гардид, ки дар ҳайати се клуб ва мунтахаби кишвараш аз 100 гол кам назадааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив