LIVE

Роналду рекорди Терезегеро шикаст

Ҳамлавари бошгоҳи "Ювентус"-и шаҳри Турин - Криштиану Роналду бо голи задаи хеш дар даври 23 - юми Серияи А ба дарвозаи "Верона" рекорди нав гузошт. Роналду бо пироҳани клуби туринӣ дар 10 бозии охир пайёпай ба задани гол даст меёбад. Ситораи беҳамтои португалӣ дар таърихи мавҷудияти дастаи Ювентус аввалин бозингаре шуд, ки дар мусобиқоти Серияи А дар 10 бозии охир гол мезанад. Ин рекорд қаблан ба футболбози фаронсавии бошгоҳи "Ювентус" - Давид Терезеге тааллуқ дошт, ки дар 9 бозӣ пайи ҳам гол задааст. Роналду тобистони соли 2018 ба бошгоҳи шаҳри Турин гузариш карда, қаблан шарафи дастаҳои "Спортинг", "Манчестер Юнайтед" ва "Реал Мадрид" - ро ҳимоя кардааст. Қарордоди Роналду бо дастаи "Ювентус" то 30-юми июни соли 2022 эътибор дошта, ӯ мақсад дорад, ки то 40 солагӣ футбол бозӣ кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив