LIVE

Пешниҳоди муфиди Ювентус ба Роналду

Ювентус мақсад дорад то ҳамкории худро бо Криштиану Роналду тӯлонитар созад. Ҳарчанд шартномаи ҷонибҳо то соли 2022 эътибор дорад, аммо бошгоҳи туринӣ омодааст то бо Роналду  қарордоди навро ба имзо расонад.  Тавре президенти Юве - Фабио Паратичи иттилоъ дод,  дорандаи 5 “Тӯби тиллоӣ” мақсад дорад, то корномаи варзишӣ дошта бошад ва ба ҳамин хотир бо ӯ шартномае хоҳем баст, ки ӯ то 40 солагиаш имкони бозиро пайдо мекунад. Ба  назари табибон организми футболбози португалӣ ба мисли ҷавони 25-26 сола кор мекунад ва зери фишори тамринҳо низ хастагиро эҳсос намекунад. Ба ҳамин хотир ӯ метавонад то ба 40 солагӣ озодона футбол бозӣ кунад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив