LIVE

Руни: нақши Пак Ҷи Сун дар «МЮ» аз Роналду бештар буд

Ҳамлавари «Дерби Каунти» ва собиқ бозигари «Манчестер Юнайтед» - Уэйн Руни зимни суҳбати худ бо The Sunday Times андешаҳояшро нисбати ниммуҳофизатгари собиқ Пак Ҷи Сун иброз дошт.
«Агар 12 сол қаблро ба хотир оварӣ девона мешавӣ ҳамагон дар бораи  Криштиану Роналду ҳарф мезананд ва дастовардҳои ӯро ба хотир меоранду мегуянд, “бале ӯ беҳтарин бозигари «Манчестер Юнайтед» буд”.  Аламовараш он аст, ки онҳо намедонанд, ки Пак Ҷи Сун кӣ буд. Вале ҳар касе, ки бо Пак бозӣ кардааст, медонад, ки нақши ӯ дар муваффақиятҳои даста муҳиму асосӣ аст. Пак корҳои азим барои коллективи мо кардааст, агар футбол ин бозии даставист, пас ман бояд дар бораи даста ҳарф занам. Маҳз ингуна бозигарон аз ситораҳо дида барои варзиш муҳим мебошанд”,  иқрор шудааст Руни.
Пак Ҷи Сун аз соли 2005 то 2012 дар «Манчестер Юнайтед» бозӣ кардааст. Ҳамчунин ӯ дар ҳайати мунтахаби Кореи Ҷанубӣ 100 бозӣ гузаронидааст.  Пак феълан дар сохтори «Манчестер Юнайтед» кор мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив