LIVE

Руни дар 500-умин бозии худ гол зад

Беҳтарин ҳамлагари мунтахаби Англия дар таърихи мавҷудияташ - Уэйн Руни дастаи «Дерби»-ро аз нокомӣ наҷот бахшид. Дар Чемпионшип тими Руни бо «Фулхэм» - (1:1) майдондорӣ кард ва маҳз голи ин ҳамлагари беҳамто  аз клуби пешсафи мусобиқот имтиёз ситонид.  
Ин вохӯрӣ барои ӯ бозии 500 - ум дар футболи англисӣ маҳсуб мешавад. 
Қаблан Руни дар тимҳои «Эвертон» ва «Манчестер Юнайтед» бозӣ кардааст. Дар ҳайати клуби «Дерби» дар 9 вохӯрӣ ҳамлагари мазкур ба задани 4 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив