LIVE

«Манчестер Юнайтед» аз Чин ҳамлагар даъват кард

Клуби «Манчестер Юнайтед» ҳамлагари тими футболи «Шанхай Шенхуа»-и Чин - Одион Игалоро ба иҷора гирифт. Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамлагари 30 солаи мунтахаби Нигерия то охири мавсим дар дастаи «МЮ» бозӣ мекунад. Дар ин миён девҳои сурх ҳуқуқи харидории ин футболбозро надоранд ва барои иҷораи ӯ наздик ба 4 млн фунт пардохт хоҳанд кард.  Ин муомилотро даста ба хотири мукаммал сохтани хати ҳуҷум анҷом дод, зеро ҳамлагари даста - Маркус Рэшфорд ҷароҳат дорад ва то охири мавсим ба майдон намебарояд. Одиона Игало дар чемпионати Чин дар 17 вохӯрӣ 10 гол ба самар расонидааст. Игало қаблан аз соли 2014 то 2017 шарафи дастаи дигари Премйер лигаи Англия «Уотфорд»-ро ҳимоя кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив