LIVE

Игало беҳтарини нишонзани Ҷоми Африқо-2019

Ҳамлагари тими миллии Нигерия Одион Игало нишонзани беҳтарини Ҷоми миллатҳои Африқо эълон шуд. Ин бозигари 30 сола дар 7 дидори мусобиқот муаллифи 5 гол гардид. Игало шомили дастаи «Чанчун Ятай»- и Чин буда, дар мавсими гузаштаи Чемпионати кишвар 21 гол ба самар расонидааст. Дар мавсими ҷорӣ бошад, дар ҳайати бошгоҳи «Шанхай Шэнхуа» муаллифи 7 гол гардид. Ёдовар мешавем, ки Одион Игало аз соли 2011 то 2014 дар дастаи "Гранада"-и Испания низ бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив