LIVE

Сулшер бо 250 млн фунт вориди бозор мешавад

Сармурабии «Манчестер Юнайтед» Уле-Гуннару Сулшер маблағи ҳангомавӣ барои ҷалби бозигарони нав сарф хоҳад кард. Ӯ аллакай дақиқ кардааст, ки киҳоро ба дастааш ҷалб месозад. Роҳбарияти «МЮ» дар соли оянда барои сармураббии худ, Уле-Гуннару Сулшер 250 млн фунт ҷудо хоҳанд кард. Бо ин саховатмандии худ роҳбарони бошгоҳ мақсад доранд, то он шаъну шараф ва эътибори «Олд Траффорд»-ро тавассути бозигарони нав барқарор созанд. Саҳмдорони бошгоҳи англисӣ феҳристи нафароне, ки ба «МЮ» дар соли  2020 овардан мехоҳанд, тартиб доданд.
Миёни бозигарони довталаб Сулшер ба ду ному насаб иҷозаи расмӣ  додааст. — Ҷейдон Санчо аз «Боруссия» бо арзиши 100 млн фунт ва Эрлинг Холанн аз «Залтсбург» бо қимати 40 млн фунт. Ҳарду футболбоз дар қисмати ҳуҷум бози мекунанд ва муҳимтар аз ҳама ҷавонанд. 

—Мо ҳайатро мукаммал сохтанием.  Нақшаи ба даст овардани ниммуҳофизатгарони ҳуҷумкорро мекашем, зеро онҳо бароямон лозим аст.  Ин гузаришҳо агар дар зимистон нашаванд, пас боке нест мо тобистонро мунтазир мешавем, гуфтааст: Сулшер. 

 Мутахассиси норвегиягӣ худ ба Австрия сафар дошт ва бо Холанн аз наздик суҳбат анҷом дод. Ҳамдигарро хуб мешиносанд, зеро дар тими шведии «Мелде» соли 2017 бо ҳамдигар кор кардаанд. Аммо дар ин вохӯрӣ кадом масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд, маълум нест. 
Мушкилоти асосии «Юнайтед» - бозии бебарори хати ҳуҷум маҳсуб мешавад. Беҳтарин нишонзани даста  — Маркус Рэшфорд бо  10 гол ба ҳисоб меравад, ки 4 адади онро аз пиналти ба самар расонидааст.  Баъди рафтани  Ромелу Лукаку хати ҳуҷуми девҳои сурх бо ҳарду по мелангад. Ба хамин хотир барои мураббиёни «Юнайтед» Холанн  ва Санчо заруранд. Сулшер аз он ҳарос дорад, ки Холаннро каси дигар бо худ мебарад, зеро барои ин футболбози ҷавон дастаҳои олмонӣ, «Боруссия» ва «Лейпстиг» низ талош доранд. Яке аз бартариятҳои «Боруссия» дар он аст, ки дар Лигаи чемпионҳо иштирок мекунад ва он барои ҳамлагар нуфузи бештар хоҳад овард. Барои Санчо - «Боруссия» 7,5 млн фунт пардохт карда буд ва ҳамакнун барои ӯ накамтар аз 100 млн маблағ ба даст оварданист. Ҷйдон Санчо талаботи бисёре аз клубҳои аврупоиро қонеъ карда метавонад. Барои ӯ «Ливерпул», «Реал» ва «Барселона» байни ҳам мубориза доранд. Бо ин  абарқудратҳои футболи ҷаҳонӣ «МЮ»  метавонад танҳо бо як роҳ: баланд бардоштани арзиши футболбоз мубориза барад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив