Пеш аз бозии охири чемпионат бо “Кардифф Сити” Сулшер бори дигар изҳор намуда буд,ки бояд ҳайатро навсозӣ кард. Мутахассиси норвегӣ қайд намуд,ки дар даста нафароне хоҳанд монд, ки дар ҳақиқат ҳам баҳри ин тим бозӣ кардан мехоҳанд. Овардани Сулшер ва Фелан чун роҳбарони даста ин сархам шудан ба принсипҳои сэр Алекс оварда мерасонад,яъне даъвати нафаронеро ба даста,ки воқеан ҳам барои футбол ба Манчестер меоянду манфиатҳои шахсияшонро аз манфиатҳои бошгоҳӣ боло намегузоранд.
Ба иттилоъи расонаҳои хабарӣ бозингаре,ки метавонад сарфи назар аз манфиатҳои шахсӣ танҳо ба хотири футбол ба Олд Траффорд биёяд ин Дэниэл Ҷеймс мебошад. Мутобиқи иттилоъи Sky Sports “Юнайтед” аллакай бо ин футболбози уелсии 21 сола ба тавофуқ расидааст. “Суонси” аз ин трансфер 15 миллион фунт ба даст меорад. Ба фарқ аз гузаришҳои қаблан анҷомдодашуда ин маврид дастаи Вудворд маблағҳои бузурге масраф нахоҳад кард.
Ҳатто дар надоштани суръати баланд Ҷеймси ҷавон гузариши оқилонаест,ки бо кафолат метавон гуфт беҳуда нахоҳад буд барои “МЮ”. Инҷо чанд сабабҳои махсусеро метавон мисол овард:
1.Трансфери Ҷеймс-масрафиёти ғайриҷиддӣ аст дар масштаби “Юнайтед”. 15 миллион фунт барои Вудворд ин чангу ғуборе беш нест.
2.Ҷеймс мавсими пурбарореро дар Чемпионшип паси сар намуд ва ба Премер Лига омода аст.
3.Ҷеймс ба таври идеалӣ ба системаи футболии Сулшер мутобиқат хоҳад кард.
4.Бозингари универсалӣ будани Дэниэл. “Юнайтед” эҳтимолан ягона дастаест аз миёни дастаҳои шашгонаи бузург,ки ягон бозингари ҳуҷумкораш дар қанотҳо бозӣ карда наметавонанд. Маҳз омадани Ҷеймс ҳамин мушкилотро ҳал хоҳад кард.
Бо харидорӣ намудани Дэниэл Ҷеймс бошгоҳи манчестерӣ британии дорои омори пурраи ҳолатҳои созмондодашуда (мутобиқи андозаи Премер Лигаи Англия ва “Юнайтед”) ва нафари тавсияшуда аз ҷониби Райан Гиггз-легендаи зиндаи қисми сурхии Манчетер трансфери манфиатбахшеро амалӣ хоҳад кард.