LIVE

Халк дубора ба Аврупо бармегардад

Тими футболи «Эспанйол», ки дар таҳхонаи ҷадвали умумии Ла-Лига қарор дорад, мехоҳад футболбози бразилӣ - Халкро то ба охири мавсим, ба иҷора бигирад.  Ин футболбози 33 сола феълан дар чемпионати Чин дар ҳайати дастаи «Шанхай Теллэйс», бозӣ мекунад. Ҷонибҳо сари ин муомилот қариб, ки ба мувофиқа омадаанд, аммо ягона мушкилот он аст, ки Халк дар Чин маоши баланд мегирад ва  «Эспанйол» қудрати пардохти чунин маблағи калонро надорад.  Ягона роҳи амалӣ гаштани ин иқдом дар он аст, ки дастаҳои «Эспанйол» ва «Шанхай Теллэйс» дар якҷоягӣ маоши футболбозро пардохт мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив