LIVE

Уэйн Руни мехоҳад "Нюкасл"-ро роҳбарӣ кунад

Собиқ ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" ва сармураббии ҳозираи "Дерби Каунти"  Уэйн Руни метавонад сармураббии "Нюкасл" шавад.  Руни шахсан ба ин  мансаб изҳори умед кардааст. Уэйн омода аст, ки дар сурати барканории Стив Брюс дастаро раҳбарӣ кунад. Тарк кардани "Дерби" барои Руни монеа нахоҳад буд, вай аллакай ба роҳбарияти клуб дар бораи хоҳиши рафтанаш гуфтааст.

Ягона монеа дар ҳамкории эҳтимолии Руни бо "Нюкасл" муҳлати шартномаи тарафҳо метавонад бошад. Даста омодааст ба Уэйн як созишномаи кӯтоҳмуддат пешниҳод кунад. Вале худи мутахассис мехоҳад дастаро дар асоси шартномаи дарозмуддат раҳбарӣ кунад.

Пештар хабар дода шуд, ки номзадҳои асосии мураббии "Нюкасл" сармураббии тими миллии Белгия Роберто Мартинес, мураббии дастаи "Рейнджерс" Стивен Жеррард ё Унаи Эмери, ки роҳбарии "Вилярреал"-ро ба ӯҳда дорад, мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив