LIVE

Руни дар бораи бозии Роналду дар “МЮ” сухан гуфт

Собиқ футболбози «Манчестер Юнайтед» ва сармураббии феълии «Дерби Каунти» Уэйн Руни дар бораи ҳамлагар - Криштиану Роналду изҳори назар кард. 
"Оё омадани Роналду ба даста кӯмак кард? Ҳоло ман бояд бигӯям, ки не. Вай гол зад, голҳои муҳим дар Лигаи Чемпионҳо, ӯ дар муқобили “Тоттенхэм” хет-трик кард. Бо вуҷуди ин, агар шумо ба ояндаи клуб назар кунед, ба шумо лозим аст, ки бо бозигарони ҷавонтар ва ташнаи пирӯзӣ кор кунед, то дар ду-се соли оянда “Манчестер Юнайтед”-ро боло бардоред. Криштиану талош мекунад, аммо ӯ дигар он бозигаре нест, ки дар синни бистсолагӣ буд ва ин ба ҳама рӯй медиҳад, ин футбол аст. "Манчестер Юнайтед" ба бозигарони ҷавон ва гурусна ниёз дорад”, гуфтааст Руни.
Роналду соли гузашта ба «Манчестер Юнайтед» баргашт. Футболбози мазкур дар 31 бозӣ ба задани 18 гол даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив