LIVE

Погба ва Марсиал аз “МЮ” ба “Ювентус” мегузаранд

Mirror хабар медиҳад, ки ду тан аз футболбози дастаи «Манчестер Юнайтед» корномаи худро дар «Ювентус» идома медиҳанд. Ба иттилои манбаъ, нимҳимоятгар Пол Погба ва ҳамлагар Антони Марсиал метавонанд ба лагери бошгоҳи Турин раванд.
Ёдовар мешавем, ки Погба аз соли 2012 то 2016 дар тими "Ювентус" бозӣ кардааст. Погба дар мавсими ҷорӣ дар 15 бозӣ ба майдон баромада, як гол задааст. Шартномаи нимҳимоятгари фаронсавӣ бо «Девҳои сурх» то моҳи июни соли 2022 ҳисоб шудааст.
Марсиал моҳи январи соли 2022 то охири мавсим аз «Манчестер Юнайтед» ба «Севиля» иҷора дода шуда буд. Дар ҳашт бозӣ дар ҳайати ин даста ҳамлагари фаронсавӣ як гол ва як ассистентӣ кардааст. Шартномаи Марсиал бо «Манчестер Юнайтед» соли 2024 ба охир мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив