LIVE

РАСМАН: Марсиал тарки "Манчестер Юнайтед" кард

Ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» Антони Марсиал ба ҳайси футболбози иҷоравӣ ба «Севиля» гузашт. Дар ин бора хадамоти матбуотии бошгоҳи испанӣ хабар дод. Қарордоди ҳамкорӣ миёни онҳо то анҷоми   мавсим эътибор  дорад. Арзиши иҷора 5 млн  евроро ташкил медиҳад.  Марсиал ба «Манчестер Юнайтед» соли 2015 аз «Монако» омада буд. Маблағи гузариш 60 миллион евроро ташкил медод. Ёдовар мешавем, ки ба Антони  дастаҳои "Барселона", "Атлетико Мадрид" ва "Ювентус" мароқ зоҳир карда буданд. 
Дар мавсими ҷорӣ Марсиал дар ҳайати манкунианҳо 11 бозӣ анҷом дода, як гол задааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив