LIVE

Антони Марсиал то охири мавсим дар "Севиля" бозӣ мекунад

Ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" Антони Марсиал ба "Севиля" гузариш кард.
Клубҳо дар бораи иҷораи футболбози 26-солаи фаронсавӣ ба мувофиқа расиданд.  Қаблан «МЮ» пешниҳоди бошгоҳи испаниро рад карда буд, аммо худи бозикун хоҳиши тарки дастаи англисиро кард. Муҳлати иҷора то охири мавсим ва бидуни харидорӣ кардани "Севиля" ба инобат гирифта шудааст. Аммо аз рӯзе, ки Антони Марсиал дар дастаи испанӣ тамрину бозӣ карданро оғоз мекунад, "Севиля" маоши ӯро пурра пардохт мекунад. 
Марсиал соли 2015 ба маблағи 60 миллион евро ба «Манчестер Юнайтед» гузашта буд.
Дар мавсими ҷорӣ футболбоз дар 11 бозӣ як гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив