LIVE

Марсиал “МЮ”-ро бо "Нюкасл" иваз мекунад

Ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" - Антони Марсиал имкон дорад, ки идомаи мавсимро дар "Нюкасл" гузаронад. 
Раҳбарияти "Нюкасл" мехоҳад ин нишонзани фаронсавиро ба иҷора бигирад. Худи Марсиал мехоҳад, ки дастаро иваз кунад, зеро аз вақти бозӣ дар “Манчестер Юнайтед” норозӣ аст.
"Севиля", "Барселона", "Атлетико" ва "Ювентус" низ интизори қабули пешниҳод низ ҳастанд.  Марсиал ба «Манчестер Юнайтед» соли 2015 аз «Монако» омада буд. Маблағи гузариш 60 миллион евро буд. Дар мавсими ҷорӣ ӯ дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” дар ҳама мусобиқаҳо 10 бозӣ анҷом дода, як гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив