LIVE

Аз финали Лигаи Чемпионҳо кадом натиҷаро интизоред?

Шоми имрӯз дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дастаи «Ливерпул» бо «Реал Мадрид» қувваозмоӣ мекунад. Бозии ҳалкунандаи ин мусобиқаи пурнуфуз дар варзишгоҳи “Стад де Франс”-и Фаронса баргузор мешавад. Бозӣ соати 23:55 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. 
Ёдрас мешавем, ки «Реал Мадрид» барои 17-умин бор ба финали Лигаи Чемпионҳо баромада, 13 маротиба ғолиб шудааст. «Ливерпул» барои 10-умин бор дар таърихи ин Ҷоми Аврупо ба финал баромадаст ва шаш ғалаба дорад. Бозии мазкурро тавассути телевизони "Футбол" мустақиман бо шарҳи тоҷикӣ тамош карда метавонед.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив