LIVE

Салоҳ: "Ливерпул" мехоҳад барои бохти соли 2018 аз “Реал” қасос бигирад

Ҳамлагари тими “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ дар бораи финали Лигаи Чемпионҳо, ки дар он сурхҳо бо “Реал Мадрид” бозӣ хоҳанд кард, ибрози назар кард.
«Оё ғалаба имконпазир аст? Ман фикр мекунам ҳа. Ҳама чиз дар дасти худи мо нест, мо бояд дар ҳамаи бозиҳоямон ғалаба кунем ва барои аз даст додани холҳои «Манчестер Сити» умедвор бошем. Онҳо беҳтарин ҳайат ва мураббӣ доранд. Гумон мекунам, ки онҳо низ барои ғалаба талош мекунанд. Бо вуҷуди ин, ҳама чиз имконпазир аст.
Ҳоло ман ҳам мисли тамоми даста ба финали Лигаи Чемпионҳо расидам хеле ҳаяҷон дорам. Ман шубҳа надорам, ки бозӣ душвор хоҳад буд. “Реал Мадрид” бисёр дастаҳои пурқувватро мағлуб кардааст. Мо бояд диққати худро ба бозӣ равона кунем. Мо мехоҳем қасос гирем. Мо соли 2018 аз онҳо мағлуб шудем, он вақт як рӯзи ғамангез буд. Вақти он расидааст, ки интиқом гирем», - иқрор шудааст Салоҳ.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоӣ 28 май дар варзишгоҳи “Стад де Франс”-и шаҳри Фаронса баргузор мешавад. “Реал Мадрид” дар финали Лигаи Чемпионҳо дар соли 2018 бар “Ливерпул” пирӯз шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив