LIVE

Салоҳ гуфт, ки дар финал бо кадом даста бозӣ кардан мехоҳад

Ҳамлагари мисрии "Ливерпул" - Муҳаммад Салоҳ дарбораи баромадани дастааш ба бозии финалии Лигаи Чемпионҳо изҳори андеша кардааст. Команда ӯ дар бозии нимфинал бар «Вилярреал» бо хисоби умумии 5:2 галаба кард.
 «Дар финал будан хеле хуб аст. Бори сеюм дар панҷ соли охир ин натиҷаи хуб аст.  Ҳама хушбахтанд. Дар қисми аввал душвор буд, аммо мо ба утоқи либоспӯшӣ рафтем ва мураббӣ бо мо сӯҳбат кард. Мо беҳтарин даста дар сатҳи олӣ ҳастем, аз ин рӯ мо метавонем пас аз ду гол сардодан низ ба мақсади худ ноил гардем. Мо барои ҳама ҷоизаҳо мубориза мебарем. Мо аллакай як ҷомро соҳиб шудем, ҳоло дар финали дигар мусобиқа баромадем. Муборизаро дар Лигаи олӣ идома медиҳем. Ман сахт машқ мекунам ва кӯшиш мекунам, ки беҳтар омода бошем. Ман медонам, ки чӣ мехоҳам ва умедворам, ки ман онро ба даст оварда метавонам. Мехоҳам дар финал бо “Реал Мадрид” бозӣ кунам, аммо «Манчестер Сити» як дастаи хеле қавӣ аст», - гуфтааст Салоҳ. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив