LIVE

Мане пас аз финал ба Салоҳ чӣ гуфт?

Ҳамлагари тими "Ливерпул" ва мунтахаби  Сенегал Садио Мане гуфт, ки чӣ тавр ӯ кӯшиш кард, ки  Муҳаммад Салоҳро пас аз ғалаба  бар Миср дар финали Ҷоми Миллатҳои Африқо-2021 дастгирӣ кунад.

«Ман ба ӯ гуфтам, ки ӯ як бозигари бузург боқӣ мемонад ва ман аз бозӣ бо ӯ дар як даста лаззат мебарам. Ман ӯро хеле эҳтиром мекунам ва Салоҳ ҳама чизро барои Ватан бахшидааст.

Мутаассифона, ӯ пирӯз нашуд, аммо ин маънои онро надорад, ки барояш ҳама чиз тамом шудааст. Гуфтам, ки ӯ метавонад соҳиби ҷоизаҳои зиёд, аз ҷумла Ҷоми Африқо дар соли 2023 шавад. Онҳо як дастаи ҷавон доранд, аз ин рӯ, шояд рӯзе онҳо пирӯз шаванд",- гуфт Мане ба beIN Sports.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив