LIVE

Мунтахаби Сенегал барандаи Ҷоми миллатҳои Африқо-2022

Дастаи миллии Сенегал дар бозии ниҳоии Ҷоми Африқо-2021 бар тими миллии Миср пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар шаҳри Яунде (Камерун) дар варзишгоҳи Пол Бия баргузор шуд. Вақти асосӣ ва изофӣ бидуни гол анҷом ёфт, дар зарбаҳои пеналтӣ сенегалиҳо пурқувваттар буданд – 4:2.

Сенегал метавонист, дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кунад, аммо Садио Мане пеналтиро истифода набурд.

Мунтахаби Сенегал фаъолтар бозӣ карда, дар аксари бозӣ бартарӣ дошт, вале ҳимояти Мисрро боз карда натавонист. Бо вуҷуди ин, сенегалиҳо дар зарбаҳои пеналтӣ пирӯз шуданд – 4:2. Зарбаи ҳалкунандаро Мане ба самар расонид. Қабл аз он дарвозабони Сенегал Эдуард Менди зарбаи Моҳанад Лачинро баргардонд.

Сенегал барои аввалин бор дар таърих Ҷоми Африқоро ба даст овард. Миср қаблан ҳафт маротиба дар мусобиқаи асосии қитъа пирӯз шуда буд, ки ин натиҷаи рекордист.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив