LIVE

Мане пас аз бозии Ҷоми Миллатҳои Африқо дар беморхона бистарӣ шуд

Ҳамлагари тими миллии “Ливерпул” ва мунтахаби Сенегал Садио Мане пас аз бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми миллатҳои Афирқо бар муқобили Кабо-Верде ба беморхона интиқол дода шуд. 
Ёдовар мешавем, ки футболбоз бо дарвозабони тими миллии Кабо-Верде Ҷосимар Возиня бо сар бархӯрд. Дарвозабон корти сурх гирифт ва Мане пас аз 9 дақиқа ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 70-ум Мане иваз карда шуд, зеро ӯ бозиро идома дода натавонист.
Ба иттилои манбаъ, Мане пас аз бозӣ ба бемористон интиқол ёфт. Қайд карда мешавад, ки ҳамлагар осеби ҷиддӣ нагирифтааст.
Тими миллии Сенегал ба даври 1/4 финали Ҷоми миллатҳои Африқо роҳ ёфт. Дар даври чорякфиналии мусобика футболбозони сенегалӣ бо голиби ҷуфти Мали ва Гвинеяи Экваториалӣ бозӣ хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив