LIVE

Мане Сенегалро аз вируси корона наҷот медиҳад

Футболбози «Ливерпул» - Садио Мане 45 ҳазор €-рои худро қурбони мубориза бар зиддӣ вируси тоҷ карда, ба ҳукумати Сенегал кӯмаки хуб расонид. BBC хабар додааст.
Ҳамлагари мазкур баъд аз он, ки ҳолати кунуниро дар ҷаҳон мушоҳида кард,  ба хулосае омад, ки ба ҳамватанони худ бояд кӯмак намояд. 
Ҳамчунин Мане ба шаҳрвандони кишвараш муроҷиат кардааст, ки дар чунин ҳолати мушкил эҳтиёт кунанд ва бемории мазкурро ҷиддӣ қабул намоянд.
Ба иттилои сарчашма феълан бемории сироятӣ дар 150 кишвари сайёра доман паҳн кардааст. Аз ҷумла дар Сенегал 26 ҳолати сирояти бемории вируси тоҷ ба қайд гирифта шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив