LIVE

Мане то бозӣ бо «Атлетико» дар ЛЧ барқарор намешавад

Ҳамлавари «Ливерпул» Садио Мане накамтар аз се ҳафтаро дар рахти хоби беморӣ сипарӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки нишонзани сенегалиро пайвандҳои мушакҳои зонуаш осеб дидааст. Мане дар бозӣ бар муқобили «Вулверхэмптон» дар дақиқаи 33-юми бозӣ ҷароҳат бардошт.  «Ливерпул»  бозиҳои худро бар муқобили «Вест Хэм» 29-уми январ ва «Саутгемптон» 1-уми феврал дар  Премйер-лигаи Англия бе иштироки ин ҳамлагар анҷом медиҳад. Ҳамчунин эътимол меравад, ки дар бозии аввали даври 8/1 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили «Атлетико», ки 18-уми феврал  баргузор мешавад, Садио Мане пурра барқарор намешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив