LIVE

Сенегал ба финали Ҷоми миллатҳои Африқо баромад

Дар бозии даври 1/2 ниҳоии Ҷоми миллатҳои Африқо тими Буркина Фасо бо тими миллии Сенегал вохӯрд. Бозӣ бо пирӯзии Сенегал бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт.
Дар дақиқаи 70-уми вохӯрӣ ҳимоятгари тими Сенегал Абду Диалло ҳисобро боз кард. Баъди шаш дақиқа нимҳимоятгар Идрис Гейе бартарии тими сенегалиро дучанд кард. Дар дақиқаи 82-юм нимҳимоятгар Иброҳим Туре як голи Буркина Фасоро муаллифӣ сохт. Пас аз панҷ дақиқа ҳисоби ниҳоиро ҳамлагари Сенегал Садио Мане гузошт.

Ба ин тартиб, тими Сенегал ба финали Ҷоми миллатҳои Африқо роҳ ёфт ва Буркина Фасо  барои ҷойи 3-юм бозӣ мекунад. Рақиби Сенегал барандаи ҷуфти Камерун – Миср хоҳад шуд. Ғолиби феълии ин мусобиқа Алҷазоир аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив