LIVE

Алҷазоир - барандаи Ҷоми Африқо-2019

Дирӯз дар шаҳри Қаири кишвари Миср бозии финалии Ҷоми Африқо-2019  байни яккачинҳои Сенегал ва Алҷазоир баргузор шуд. Набарди тимҳо дар дар варзишгоҳи  «Қаир Интернейшнл» сурат гирифта, бо ҳисоби минималии 1:0 ба суди футболбозони тими миллии Алҷазоир хотима ёфт. Ягона голи ин набардро ҳамлавари мунтахаби Алҷазоир Бағдод Бунеҷа ба ҳадаф расонида, мунтахабашро қаҳрамони Ҷоми Африқо-2019 намуд. Ҳамин тавр мунтахаби Алҷазоир соҳиби медали тилло ва тимҳои Сенегалу Туниз соҳиби нишонҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Ҷоми Африқо-2019
Финал
Сенегал - Алҷазоир - 0:1 (0:1)
Гол: Бунеҷа, 2.
Сенегал: Гомис, Гассама, Сабали, Сане, Куяте, Севе (Диан, 75), Гей, Б.Н`Диай (Диатта, 59), Сарр, Мане, Нянг (Балде, 85).
Алҷазоир: М`Боли, Зеффан, Бенсебаини, Бенламри, Манди, Махрез, Беннасер, Гедиура, Белаили (Брахими, 84), Фегули (Тахрат, 85), Бунеҷа (Слимани, 89).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив