LIVE

Роналду:"Ман намехоҳам барои ҷойи шашум мубориза барам"

Ҳамлагари дастаи «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду дар бораи менталитет ва орзуҳои футболбозони «девҳои сурх» ҳарф зад.
«Манчестер Юнайтед» бояд дар Премйер Лига ғолиб шавад ё ҷои дуюм ё сеюмро ишғол кунад. Рости гап, ман барои "Манчестер Юнайтед" ягон мавқеи дигаре намебинам. Ба назари ман, мақсади мо набояд камтар аз мубориза барои ҷой дар сегонаи аввал бошад.
Мо метавонем чизеро тағйир диҳем. Аниқ намедонам, ки чӣ тавр - ман танҳо як бозигар ҳастам, на мураббӣ ё президент. Албатта, ман роҳро медонам, аммо ҳоло дар ин бора ҳарф намезанам, зеро фикр мекунам, ки ин кор нодуруст аст. Бояд бигӯям, ки мо вазъро зери назорат гирифтаем, якҷоя метавонем вазъиятамонро беҳтар кунем. Мо бояд ин корро кунем. Ман намехоҳам дар ин ҷо барои гирифтани ҷои шашум, ҳафтум ё панҷум мубориза барам. Ман ин ҷо барои пирӯзӣ, барои мубориза барои унвонҳо омадаам. Фикр мекунам, ки мо то ҳол дар пойгаҳи қаҳрамонӣ ҳастем, аммо ҳанӯз ба сатҳи беҳтарини худ нарасидем. Бояд роҳи дуру дарозе барои беҳтар шуданро тай кунем ва  боварӣ дорам, ки агар мо тафаккури худро тағйир диҳем,  метавонем ба натиҷаҳои бузург ноил шавем",- мегӯяд Роналду ба Sky Sports.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив