LIVE

Петербург аз мизбонии финали Лигаи Чемпионҳо маҳрум шуд

Иттиҳодияи Ассотсиатсияҳои Футболи Аврупо (УЕФА) дар бораи макони баргузории  бозии ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дар солҳои 2021/22 аз Санкт-Петербург ба шаҳри Париж хабар дод. Бозии ҳалкунандаи Ҷоми асосии Аврупо дар варзишгоҳи “Стад де Франс”-и Париж баргузор мешавад. «Кумитаи иҷроияи УЕФА имрӯз ба далели шиддат гирифтани вазъият ва поймол шудани амният дар Аврупо ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор кард. Кумитаи иҷроияи УЕФА тасмим гирифт, ки бозии ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2021/22 аз Санкт-Петербург ба "Стад де Франс", майдони хонагии тими миллии Фаронса гузаронида шавад. Бозӣ тибқи нақша рӯзи 28-уми май баргузор мешавад.   УЕФА ба президенти Фаронса Эммануэл Макрон барои дастгирии шахсӣ ва ӯҳдадориаш дар расонидани бонуфузтарин бозии футболи клубҳои Аврупо,  изҳори сипос мекунад, омадааст, дар саҳифаи расмии УЕФА.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив