LIVE

Санкт-Петербург мизбони бузургтарин мусобиқаи аврупоӣ

Тибқи иттилои сомонаи расмии Хадамоти матбуоти Созмони УЕФА, шаҳри Санкт-Петербурги Россия финали Лигаи Чемпионҳои мавсими 2020/21-ро мизбонӣ хоҳад кард. Бозии даври ниҳоии Лигаи Чемпионҳои мавсими 2020/21 дар варзишгоҳи хонагии дастаи «Зенит» «Газпром Арена» баргузор карда мешавад. Варзишгоҳи мазкур 68 ҳазор мухлисро ҷой медиҳад. Хотиррасон мекунем, ки Россия соли 2008 низ финали Лигаи Чемпионҳо байни ду бошгоҳи англисӣ “Челси” ва “Манчестер Юнайтед” баргузор шуда буд. Дар ин бозӣ “девҳои сурх” аз рӯи силсилазарбаҳои ҷаримавии 11 метра пирӯз шуда буданд.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив