LIVE

 Финали ЛЧ-ҳоро аз нав баргузор мекунанд

Бозии ниҳоӣ барои дарёфти ҷоизаи Лигаи чемпионҳои қораи Африқо байни дастаҳои “Эсперанс”-и Тунис ва “Видад Касабланка”-и Марокаш аз сари нав баргузор мешавад, дар ин бораи твиттери расмии Конфедератсияи футболи Африқо хабар медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи дигар (нейтралӣ) доир хоҳад шуд. Дастаи “Эсперанс”, ки қаблан ғолиби мусобиқа эълон шуда ҷому медалҳоро ба даст овард, бояд ҷоизаҳоро баргардонад. Ёдовар мешавем, ки дидори ниҳоии ЛЧ-ҳои Африқо аз ду бозӣ-рафт ва баргашт иборат аст. Бозии аввал бо ҳисоби мусовии 1-1 хотима ёфт. Дар бозии ҷавобӣ ҳангоме ҳисоб 1-0 ба суди дастаи “Эсперанс” буд, сардовар голи “Видад Касабланка”-ро ба инобат нагирифт. Ҳарчанд футболбозони дастаи марокашӣ аз довар талаб карданд, ки бо муроҷиат ба VAR ин ҳолатро бубунад, вале бо сабаби нуқси техникӣ довар ин ҳолати баҳснокро мушоҳида карда натавонист. Баъдан дастаи марокашӣ аз идомаи мусобиқот даст кашид. Баъд аз 1,5 соати баҳсу мунозираи тӯлонӣ довари марказ дастаи “Эсперанс”-и Тунисро ғолиб эълон кард. Ба ин тим ҷом ва медалҳои ЛЧ-ҳо тақдим шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив