LIVE

Соли 2020 Чемпионати Аврупоро аз даст дод

Иттиҳодияи Ассотсиатсияи футболи Аврупо ё худ УЕФА бо ташкили як ҷаласаи ғайрирасмӣ қарор баровард, ки бар асари хурӯҷи бемории коронавирус даври ниҳоии Чемпионати Аврупо, ки мебоист дар соли 2020 баргузор мешуд, ба  соли оянда, яъне соли 2021 гузаронида шавад.  "Расман Чемпионати Аврупо ба тобистони соли 2021 гузаронида шуд. УЕФА  баъди он ба ин хулосае омад, ки чемпионатҳои кишварҳо ба таъхир афтоданду то вақти баргузории Евро-2020 ба анҷом намерасанд. Рақобатҳо аз 11-уми июн то 11-уми июли соли ҷорӣ доир мешаванд", дар ин бора сомонаи расмии УЕФА хабар додааст. Қаблан қарор буд, ки Евро-2020 аз 12-уми июн то 12-уми июл дар 12 кишвари аврупоӣ доир мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив