Имрӯз 15-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Чемпионати CAFA-2019 миёни тимҳои мунтахаби то 19 солаи Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Мунтахаби мо бозиро аз қисми дуюм даҳ нафара идома дод, чаро ки дар рафти бозӣ футболбози мо барои рафтори дағалонааш бо корти сурх муҷозот шуда, бозибадар шуд. Баъди ба анҷом расидани чемпионати мазкур мунтахаби Эрон бо касби 10 хол садрнишини ҷадвал шуда, унвони қаҳрамониро соҳиб гардид. Мунтахаби мо бо дарёфти 8 хол дар зинаи дуюм ҷой гирифта, соҳиби медали нуқра гардид. Ёдовар мешавем, ки якчанд рӯз пеш мунтахаби то 16 солаи Тоҷикистон унвони қаҳрамонии Чемпионати CAFA-2019 U-16-ро соҳиб гардида буд.
Чемпионати CAFA-2019 U-19
Бозии 4-ум
Тоҷикистон – Эрон – 1:1
Гол: Рустам Соиров