LIVE

Мусовии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон

Имрӯз, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии сеюми Чемпионати CAFA U-19 миёни мунтахабҳои ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон баргузор шуд. Набарди тимҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Баъди ин дидор мунтахаби Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қарор гирифт. Феълан дар зинаи якуми ҷадвал мунтахаби Эрон бо доштани 9 имтиёз ҷой дорад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов бозии ниҳоии худро рӯзи 15-уми август бар зиддӣ Эрон баргузор мекунанд. Хотирасон менамоем, ки дар ин бозӣ пирӯзӣ барои мунтахаби мо хеле зарур аст.
Чемпионати CAFA U-19
Бозии 3-юм
Ӯзбакистон 2:2 Точикистон
Голҳо: Амадони Камолов, 5 (0:1). Одилбек Абдумаҷидов, 30 (1:1). Иброҳимхалил Юлдошев, 62 (2:1). Рустам Соиров, 77 (2:2).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив