LIVE

Тоҷикистон барандаи медали тиллои CAFA-2019


Имрӯз, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии панҷум ва ниҳоии Чемпионати кишварҳои узви Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) миёни футболбозони 16 солаи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуд. Ин набарди ниҳоӣ пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба суди футболбозони тоҷик хотима ёфт. Ҳамин тавр мунтахаби Тоҷикистон бо касби 13 имтиёз пешсафи ҷадвал шуда, унвони қаҳрамонии Чемпионати кишварҳои узви Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказро бори аввал соҳиб шуд. Нишони нуқраи ин чорабиниро мунтахаби Ӯзбекистон соҳиб шуд. Тими Эрон бошад, барандани медали биринҷӣ гардид. Дар ҳақиқат ҳам шербачаҳои майдонзеби тоҷик бори дигар исбот намуданд, ки руши футбол дар Тоҷикистон чун сурати кайҳонӣ аст ва дар ояндаи наздик аз кишвари мо низ футболбозони сатҳӣ ҷаҳонӣ аз худ дарак хоҳад дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив