LIVE

Чемпонати CAFA: Як қадами дигар то ба қаҳрамонӣ

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии чоруми худ дар доираи  Чемпионати кишварҳои узви Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) миёни футболбозони 16 сола бар Эрон пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 3-0  ба фоидаи футболбозони мамлакатамон хатм гардид. Голҳои мунтахабамонро Кабир Салимшоев (2 гол) ва Сунатулло Азизов (1 гол) ба самар расониданд. Бозии ояндаи худро Тоҷикистон бо Афғонистон санаи 1-уми август доир мекунад. Барои мо танҳо як имтиёз лозим аст то ин ки дар мусобиқаи мазкур қаҳрамон шаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив