LIVE

"Атлетико" ва "Манчестер Юнайтед" ғолибро муайян накарданд

Дар доираи бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо дастаи "Атлетико" дар майдони худ "Манчестер Юнайтед"-ро пазируфт. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Ванда Метрополитано»-и Мадрид (Испания) баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт.

Дар дақиқаи 7-уми вохӯрӣ, ҳамлагари «Атлетико» Жоао Феликс ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 80-ум ҳамлагари 19-солаи дастаи «Манчестер Юнайтед» Энтони Эланга пас аз партофти нимҳимоятгари дастаи «Манчестер Юнайтед» Бруно Фернандеш гол зада, ҳисобро баробар кард.

Бозии ҷавобӣ байни «Манчестер Юнайтед» ва «Атлетико» 15 март дар майдони «Олд Траффорд»-и Манчестер (Англия) баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив