LIVE

Ҷаласаи сармураббиён доир шуд

Дар қароргоҳи  Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи шӯрои мураббиён баргузор шуд, ки дар он ҳисоботи сармураббии дастаҳои мунтахаби кишвар дар бораи корҳои анҷомдодашуда дар соли 2021 шунида шуд.

Дар ҷаласа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров, инчунин сармураббии мунтахабҳои  синну соли гуногуни Тоҷикистон ширкат доштанд.
Дар маҷлиси машваратӣ   Мубин Эргашев (Тими олимпӣ ), Аҳлиддин Турдиев (тими ҷавонони то 19-сола), Зайниддин Раҳимов (тими наврасони то 15-сола), Пайрав Воҳидов (мунтахаби футзал) ва Юсуф Рабиев (тими миллии занона) ба шӯрои мураббиён ҳисобот доданд. 
Пас аз ҷаласаи шӯрои мураббиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив