LIVE

16-уми декабр роҳбарони ФФТ аз нав интихоб карда мешавад

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон 16 декабрро санаи баргузории Конфронси ҳисоботию интихобӣ тасдиқ кард, ки дар доираи он роҳбари ташкилот интихоб карда мешавад.
Имрӯз, 16 октябр, дар меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси Душанбе» ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ баргузор гардид, ки дар он як қатор мавзуҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ ҳисоботи Директори генералии “Лигаи футболи Тоҷикистон” -  Сайвалӣ Шоқурбонов шунида шуд. Мавсуф  ба аъзои Кумитаи иҷроия иттилоъ дод, ки як рӯз пеш ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуда, дар он муроҷиати шаш дастаи Лигаи олӣ оиди дар мавсими соли 2021 аз 10 ба 12 даста расонидани шумораи дастаҳои иштирокчии Лигаи олии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. 
Кумитаи баргузории мусобиқоти ФФТ бисёр омилҳоро ба назар гирифта, ба Кумитаи иҷроияи ФФТ тавсия дод, ки шумораи иштирокчиёни чемпионати кишварро дар мавсими 2021 зиёд накунад ва ин корро дар соли 2023 анҷом диҳад.
Аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ ин пешниҳоди Кумитаи баргузории мусобиқотро якдилона дастгирӣ намуданд. Дар соли оянда дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 10 даста иштирок хоҳад кард.
Аз рӯи ҷамъбасти мавсими футболи соли 2020 ду даста – «Локомотив-Помир»-и Душанбе ва «Регар-ТадАз»-и Турсунзода, ки зинаҳои охири ҷадвали мусобиқаро ишғол намуданд, ба лигаи якум гузашта, ду дастаи мақомҳои аввалу дуюми лигаи якуми Тоҷикистон – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Эсхата”-и Хуҷанд, дар мавсими соли 2021 дар лигаи олии Тоҷикистон баромад хоҳанд кард.  
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ, инчунин ахбороти сармураббиёни дастаҳои мунтахаби миллӣ ва мунтахаби ҷавонони кишвар, мутаносибан Усмон Тошев ва Мубин Эргашев низ шунида шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив