LIVE

Россияро ба Ҷоми ҷаҳон - 2022 роҳ намедиҳанд

Кумитаи иҷроияи WADA варзишгарони Россияро аз тамоми чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла Бозиҳои Олимпӣ ва Чемпионатҳои ҷаҳон ба муҳлати чор сол маҳрум сохтааст, ки дар он футбол низ ба инобат гирифта шудааст. Дар ин бора ББС иттилоъ дод. Баъди  эълони таҳримоти мазкур ҳамакнун мунтахаби футболи ин кишвар ба  Чемпионати ҷаҳон Қатар - 2022 роҳ дода намешавад. Президенти кумитаи иҷроияи WADA (Агентии байналмилалии мубориза бар зиди допинг) гуфтааст, ки муҷозоти мазкур ба Чемпионати Аврупо – 2020 рабте надорад ва тими миллии Россия дар он ширкат варзида метавонад. Маҳрумияти футболи Россия аз Чемпионати ҷаҳон  баҳсҳои зиёдеро ба миён гузоштааст. Масъулини варзиши кишвар се ҳафта муҳлат доранд то ба 30 суоли ба миёномода дар масоили фаъолияти лобараторӣ, ки дар шаҳри  Маскав фаъолият мебурд, маълумоти дақиқ пешниҳод созад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив