LIVE

Мунтахаби ИМА қаҳрамони ҷаҳон шуд

Дар футболи мардона агар мунтахаби ИМА муваффақ набошад, ҳам аммо мунтахаби занонаи ин кишвар дар варзиши рақами якуми сайёра ба худ рақиби арзанда надорад. Пас аз як моҳи чашминтизорӣ мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон-2019 миёни хубони футбол, ки дар кишвари Фаронса ҷараён дошт, хотима ёфт. Дар финал қаҳрамони феълии Ҷоми ҷаҳон ИМА ва қаҳрамони феълии Чемпионати Аврупо мунтахаби Ҳолланд рақобат намуданд. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи «Парк Олимпик Лионне» баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба суди мунтахаби ИМА хотима ёфт. Голи нахустини амрикоиҳоро дар дақиқаи 61-уми бозӣ Меган Рапино аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ба самар расонид. Дар дақиқаи 69-ум бошад, Лавелл тӯби дуюми дастаашро муаллифӣ намуд. Ҳамин тавр мунтахаби ИМА маротибаи дуюм пай дар пай ва бори чорум дар таърихи хеш ба қаҳрамонии ҷаҳон даст ёфт, ки чунин натиҷа дар ҷаҳони футбол миёни бонунон бесобиқа унвон мешавад. 
Ҷоми ҷаҳон-2019 миёни бонувон
Финал
ИМА — Ҳолланд — 2:0
ГолҳоРапино, 61 (пеналти), Лавелл, 69.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив