LIVE

Мунтахаби Туркия Фаронсаро дарси адаб дод

Дар бозии сеюми даври интихобии Чемпионати Аврупо-2020 мунтахаби Туркия дар хонааш қаҳрамони феълии ҷаҳон тими Фаронсаро меҳмондорӣ кард. Нерусанҷии тимҳо дар «Коня Бююкшехир» доир шуда, бо ҳисоби 2:0 ба суди туркҳо хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 30-ум дифоъгари мизбонон Каан Айхан дастаашро ба пеш баровард. Дар ин бозӣ нуқтаи ниҳоиро ниммуҳофизатгари ҷавон Ҷенгиз Ундер гузошта, пирӯзии Туркияро таъмин сохт. Дар қисми дуюми майдондорӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон ба тарафи дарвозаи рақибон ягон зарбаи мустақим равон накардааст, ки чунин натиҷаро касе ёд надорад. Ҳамин тавр мунтахаби Туркия қаҳрамони феълии сайёра тими Фаронсаро ба таври ҳангомавӣ шикаст дода, ӯро хафа намуд. Баъди ин бозӣ яккачини Туркия бо касби 9 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи Н ба шумор меравад. Фаронса бошад, бо 6 имтиёз дар ҷои дуюм меистад. Дар бозиҳои дигари даври мазкур тимҳои Белгия, Хорватия, Россия, Италия ва Олмон бар рақибони хеш пирӯз шуданд.
Чемпионати Аврупо-2020
Марҳилаи интихобӣ
Гурӯҳи H
Туркия – Фаронса – 2:0 (2:0)
Голҳо: Каан Айхан, 30 (1:0). Ҷенгиз Юндер, 40 (2:0).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив