LIVE

Мунтахаби Украина қаҳрамони ҷаҳон шуд

Чемпионати ҷаҳон-2019 байни футболбозони то 20 низ ба нуқтаи ниҳоӣ расид. Дирӯз, дар шаҳри Лодзи кишвари Полша бозии финалӣ байни яккачинҳои Украина ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд. Дар ин набарди таърихӣ ва тақдирсоз мунтахаби Украина бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2019 гардид. Футболбозони Украина дар Чемпионати ҷаҳон-2019 боре ҳам ба бохт дучор нашуданд. Исми ин насли тиллоии Украина бо ҳарфҳои зарин дар таърихи кишварашон бо ҳарфҳои зарин сабт мешаванд. Акнун баъди ин муваффақиятҳо ситораҳои ин наслро топ бошгоҳҳои аврупоӣ хостгорашон мешаванд. Ҳамин тавр мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Украина маротибаи аввал дар таърихи хеш қаҳрамони ҷаҳони футбол гардиданд. Ин мусобиқаро аз ҳама бештар тими миллии Аргентина (6 маротиба) соҳиб гардидааст.

Чемпионати ҷаҳон-U20
Финал
Украина U20 – Кореяи Ҷанубӣ U20 – 3:1 (1:1)
Голҳо: Ли Кан Ин, 5 пеналти (0:1). Супряга, 34 (1:1). Супряга, 53 (2:1). Ситаишвили, 89 (3:1).
Украина U20: Лунин, Бондар, Сафронов, Бескоровайний, Конопля, Ситаишвили, Булетса (Кашук, 88), Корниенко, Хахлев (Чех, 56), Дришлюк, Супряга (Сикан, 63).
Кореяи Ҷанубӣ U20: Ли Кван Ен, Ким Хен У, Хван Тхэ Хен, Ли Ҷэ Ик, Ли Ҷи Сол, Чхве Ҷун (Ли Кю Хек, 80), Ли Кан Ин, Ким Чон Мин, Ким Се Юн (Ум Вон Сам, 46), О Се Хун, Чо Ен Ук (Чон Се Ҷин, 63).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив