LIVE

Хубони футбол (Футболи бонувон. Қисми 5)

Месси боз натавонист бо мунтахаби кишвари худ муваффақ шавад. Қаҳрамони ду мусобиқаи охири Копа Америка, мунтахаби Чили ба таври ҳангомавӣ аз Перу дар даври нимниҳоӣ шикаст хурд. Ин хабарҳое ки аз он сӯи Уқёнуси Ором то ба мо расиданд. Дар Фаронса, ки Ҷоми ҷаҳон байни бонувон он ҷо идома дорад , гулдухтарони зебо ва дилрабои футбол собит карда истодаанд, ки футболи бонувон ҳеҷ камие аз мардона надорад. Даҳҳо ҳазор мухлис ба ҳангоми бозиҳо варзишгоҳҳои муҳташамтарини Фаронсаро зиннати дигар мебахшанд. Барои мисол варзишгоҳи Парк де Пренс имкони ғунҷоиши  48712 мухлисро дорад. Дар бозии мунтахабҳои занонаи Фаронса ва ИМА тақрибан 46 000 мухлис дар ин майдон ҷамъ гардиданд. 
Ҳафтаи ҷорӣ бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми   Ҷаҳон -2019 доир гаштанд. Баҳри дарёфти роҳхати бозии финалӣ ИМА бо мунтахаби занонаи Англия ва Нидерландҳо бо хубони футболи Шветсия майдондорӣ намуданд. 
Яке аз мунтахабҳои дурхашонтарини Ҷоми Ҷаҳон, дастаи занонаи Англия буд, ки дар натиҷаи мунтахаби мардонаи Англияро такрор намуда, то даври нимниҳоии Ҷоми Ҷаҳон роҳи худро рушан карда тавонист. Гулдухтарони ватани футбол соли 2015 дар Канада, ба гирифтани медалҳои биринҷии Ҷоми Ҷаҳон мушарраф гардиданд. Филип Ҷон Невил, ки бо номи Фил Невил ба мухлисони футбол ошност, сармурабии дастаи занонаи Англия ҳаст. Зери роҳбарии ӯ мунтахаби занонаи Англия ба яке аз дастаҳои пурқувваттарин табдил ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ хубони футболи Англия бо Норвегия майдондорӣ намуда бо ҳисоби 3-0  зафар ёфт. Аллакай дар нимаи аввали дидор футболбозони англис ҳисобро 2-0 намуданд. Пасон як голи дигар дар қисми дуввуми рақобат ба тури дарвозаи Норвегия равон шуд. Дар марҳилаи нимниҳоӣ шогирдони Фил Невилро имтиҳони душвор интизор буд. Баҳри дарёфти роҳхати бозии ниҳоӣ мунтахаби Англия бо қаҳрамони феълии ҷаҳон, мунтахаби ИМА майдондорӣ намуд. 
Ҷоми ҷаҳон байни бонувон маротиба 8-ум доир гашта истодааст. Мунтахаби занонаи Шветсия иштиркчии ҳамешагии ин мусобиқот ба ҳисоб меравад.   Ҳанӯз дар аввалин Ҷоми Ҷаҳон байни бонувон, ки соли 1991 дар кишвари Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид, мунтахаби занонаи Шветсия ба гирифтани зинаи 3-юм мушарраф гардид. Соли 2011 ин натиҷаро хубони футболи Шветсия такрор намуданд. Яке аз рақибони асосии мунтахаби занонаи Шветсия гулдухтарони кишвари Олмон ба ҳисоб мерванд, ки пайваста ин дастаҳо бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дар Ҷоми ҷаҳони имсола мунтахабҳои номбаршуда дар даври чаҳорякниҳоӣ ба арсаи рақобат ворид шуданд. Бозӣ барои Шветсия нобарор шурӯъ гашт, чунки аллакай дар дақиқаи 16-ум олмониҳо ҳисобро кушоданд. Аммо ҳанӯз дар қисми аввал хубони футболи Шветсия сараввал ҳисобро  баробар сохта пасон дар нимаи дуввуми дидор бо шарофати голи задаи Стина Блекстенус Шветсия роҳашро ба даври нимниҳоӣ рушан намуд. Баҳри дарёфти роҳхати бозии ниҳоӣ мунтахаби занонаи Шветсия бо қаҳрамони феълии Аврупо дастаи занонаи Нидерландҳо майдондорӣ намуд. 
Акнун баҳри қаҳрамони ҷаҳон шудан ду дастаи беҳтарини занонаи сайёра рақобат хоҳанд намуд. Санаи 7-уми июл дар варзишгоҳи “Парки Олимпи”-и Лион қаҳрамони ҷаҳон муаяйн мегардад. Бо мақсади болои сар бардоштани ҷоизаи ҷоми ҷаҳон қаҳрамони феълӣ мунтахаби занонаи ИМА ва қаҳрамони феълии Аврупо дастаи занонаи Нидерландҳо майдондорӣ хоҳанд намуд. Барои зинаи сеюм бошад хубони футболи Англия ва Шветсия ба арсаи рақобат ворид мегарданд. Бозии мазкур як рӯз қабл аз финал, яъне санаи шашуми июл доир мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив