LIVE

ФИФА рамзи Ҷоми ҷаҳон-2022-ро расман мунташир кард

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар сомонаи расмиаш рамзи Чемпионати ҷаҳон-2022, ки дар кишвари Қатар баргузор мешавад, мунташир намуд. Хатҳои каҷӣ рамз маънидоди регҳои қумиро доранд, ҳалқаи пайваста бошад, дар шакли шумораи 8 иҷро шудааст, ки маънои 8 варзишгоҳи мизбони Чемпионати ҷаҳон ва инчунин бепоёниро ифода мекунад. Ҳалқае, ки элементи марказии рамз мебошад, на танҳо шакли ҷоизаро такрор менамояд, балки бо куфия – кулоҳи анъанавии мардуми Халиҷи Форсро илҳом бахшидааст. Ҳуруфи рамз аз навиштаҷоти анъанавии мардуми Араб гирифта шудааст. Чемпионати ҷаҳон 2022 аз 21-уми ноябр то 18-уми декабр дар кишвари Қатар баргузор мешавад. Ин нахустин Ҷоми ҷаҳон мебошад, ки дар тобистон не балки дар зимистон баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив