LIVE

Омодагии дастаҳои навраси вилояти Хатлон ба чемпионати кишвар

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба мавсими нави футболи кӯдакону наврасони вилояти Хатлон аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва масъулини дастаҳо баргузор гардид.
Аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст. Аз ин рӯ бояд дар дастаҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда шавад, то кӯдакону наврасони зиёд ҷалб карда шаванд.
Дар кори ҷаласа оид ба баргузории Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни кӯдакону наврасони (U-13, U14.,U-15, U-17) дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки шумораи дастаҳои иштирокчӣ низ дар чемпионати мазкур сол то сол дар ҳоли зиёдшавӣ қарор дорад, ки барои эҳё намудани дастаҳои футбол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон заминае хуб мегузорад.
Марҳилаи минтақавии мусобиқаи мазкур аз охирҳои моҳи апрел оғоз мегардад. Тибқи низомнома ду дастаи ғолиб дар ҳама синну сол ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. Дар натиҷа дастаҳои ғолиб дар Лигаи "Пешсаф" рақобат менамоянд. Дастаҳои боқимонда бошад, муборизаро дар Лигаи "Умед" идома медиҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив