LIVE

Тими Тоҷикистон (U-17) соҳиби шаҳодатномаи иштирокчии Чемпионати ҷаҳон-2019 шуд

Дар арафаи оғози Чемпионати ҷаҳон- 2019 байни наврасон дар Бразилия, рӯзи ҷумъаи 25 октябр, дар меҳмонхонаи «Golden Tulip Porto Vitoria», ки дар он ҷо дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) қарор дорад, ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), бозингарон, мураббиён ва ҳайати роҳбарикунандаи дастаи наврсони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Намояндаи Федератсияи байналмилалии футбол ҷаласаро ифтитоҳ намуда, мунтахаби наврасони моро барои иштирок дар Ҷоми Ҷаҳон-2019 табрик гуфта, ба даста дар майдонҳои Бразилия муваффақияту комёбӣ орзу намуд. Инчунин, намояндаи Федератсияи байналмилалии футбол ба сарвони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Ислом Зоиров шаҳодатномаи иштирок дар Ҷоми Ҷаҳон-2019 дар Бразилияро тақдим сохт.
Сипас, намояндагони FIFA оиди навовариҳо дар қоидаҳои бозии футбол муфассал суханронӣ намуданд ва дастурдиҳандаи доварони FIFA Фарҳод Абдуллоев аз Ӯзбекистон ба бозигарон ва ҳайати мураббиёни дастаи наврасони Тоҷикистон дар бораи ин тағйиротҳо дар қоидаҳои футбол муфассал нақл кард. Ба гуфтаи вай, системаи кӯмаки видеоӣ барои доварон (VAR) дар ҳама бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон-2019 дар Бразилия кор хоҳад кард.
Пас аз мулоқот, бозингарони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар аксбардории расмӣ барои FIFA пеш аз оғози Ҷоми ҷаҳонии 2019 ширкат карданд.
Ёдрас мешавем, ки дар Ҷоми Ҷаҳон-2019 дар Бразилия дастаи мунтахаби наврсони Тоҷикистон дар гурӯҳи “E” дар якҷоягӣ бо мунтахабҳои наврсони Аргентина, Испания ва Камерун бозӣ мекунад. Дар даври аввал, шогирдони Зайниддин Раҳимов бо мунтахаби наврсони Камерун вомехӯранд. Ин бозӣ рӯзи душанбе, 28 октябр, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade» дар шаҳри Кариасики Бразилия соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (04:00 29 октябр ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Ба дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ барору комёбиро таманно дорем.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив