LIVE

Вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон U17

Дар арафаи сафари дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон ба чемпионати ҷаҳони-2019 вохӯрии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ситоди мураббиён ва   ҳайати мунтахаби кишвар дар  “Кохи Наврӯз”-и пойтахт  сурат гирифт. Пас аз гирифтани акси хотиравӣ бо ҳайати даста Роҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон бо онҳо суҳбати кушоду озод анҷом дод.
“Тайи солҳои охир бо дастгирию ҳидоятҳои ҳамвораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон футбол дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушду ривоҷ ёфт” – гуфт дар оғози суҳбат Рустами Эмомалӣ. 
“Сокинони сарбаланди кишвар аз насли навраси футболи меҳан умеди зиёд дошта ба онҳо эътимод доранд. Қатъи назар аз рақиб шуморо мебояд бо боварӣ дар майдон тӯбронӣ карда, баҳри баланд бардоштани эътибору нуфузи футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва парафшонии парчами миллии кишварамон талош варзед”-қайд кард, дар идомаи суханронӣ Роҳбари ФФТ.
Зайниддин Раҳимов сармураббии мунтахаби наврасони то 17 солаи тоҷик аз номи ситоди мураббиён ва шогирдонаш ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи машқу тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ изҳори сипос намуда, аз номи худ ва шогирдонаш ваъда дод, ки онҳо дар ин маъракаи бузурги ҷаҳонӣ бо тамоми неру ва иқтидори хеш баҳри бо сари баланд муаррифи кардани кишвар талош мекунанд.
Дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи футболи тоҷик имшаб тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Истамбул-Сан Паулу ба кишвари Бразилия, ки мизбони 18-умин чемпионати ҷаҳон байни наврасон аст сафар мекунанд. Дар шаҳри Сан Паулу шогирдони Зайниддин Раҳимов тайи як ҳафта ҷамъомади таълимиву тамринӣ гузаронида, сипас ба шаҳри Кариасика, ки макони баргузории ҳамаи бозиҳои даври гурӯҳии тими мо бо ҳамтоёни худ аз Камерун, Испания ва Аргентина ба ҳисоб меравад роҳсипор мегарданд. Чемпионати ҷаҳон 26-уми октябр шуруъ шуда то 17-уми ноябр дар шаҳрҳои Кариасика, Гояна ва Гамаи Бразилия идома меёбад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив