LIVE

Маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон (U-18) баргузор шуд

Бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои наврасони то 18 сола ( U-18) ба анҷом расид. Дар натиҷа, барандаи ҷом ва медали тиллои чемпионати имсола дастаи Академиям ФФТ (U-16) шуд. Сазовори зинаи дуюм ва соҳиби медали нуқра дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар гардид. Дастаи "Барқчӣ"-и шаҳри Ҳисор бошад, соҳиби мавқеи сеюм ва медали биринҷӣ шуд.
Ҳамчунин, беҳтарин бозингарон Хусрав Тоиров (Академияи ФФТ), Сафиолоҳи Назарзода аз "Хатлон", Шерзод Дадабоев аз "Барқчӣ", Партулло Хуршедзода аз "Орзу-2026", сармураббии сол Аҳлиддин Турдиев (Академияи ФФТ) ва беҳтарин нишонзан Абдуфаттоҳи Худойдодзода (Академияи ФФТ бо 22 гол) дониста шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар маросими ҷоизасупорӣ котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директории Лигаи кӯдакону наврасони Точикистон Увайдо Давлатбеков ва азои Кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов иштирок доштанд.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив